Ссылки доступа

Дар рӯзҳои нишасти "Шанхай" дарвозаҳои Тошканд баста мешаванд


Мақомоти давлатии Ӯзбекистон мегӯянд, ба муносибати ҳамоиши сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) рӯзҳои 23-24 июн роҳҳои вуруд ба Тошканд ва хуруҷ аз он баста хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои намояндаи ниҳодҳои интизомии Ӯзбекистон, дар рӯзҳои нишасти сарони СҲШ ҳаракати нақлиёт дар манотиқи муайяни Тошканд танҳо бо гузарномаҳои махсуси давлатӣ имконпазир хоҳад буд.

Пештар хабар дода мешуд, ки хадамоти амнияти ҳамоиш мехоҳад, даромадани шаҳрвандон ба пойтахти Ӯзбекистон ва берун шудан аз онро манъ кунад. Ба навиштаи расонаҳои ин кишвар дарвозаҳои шаҳр барои нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан баста хоҳанд шуд.

Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон хабар дод, ки ҳамаи нерӯҳои худро ба ҳолати омодабош даровардааст.

Як устоди Донишгоҳи омӯзгории Тошканд мегӯяд, дар пойтахт тафтиш сахттар шудааст. "Сари ҳар қадам милисаҳо истодаанд. Дастаҷамъона хиёбонҳоро мегарданд. Ҳайронем, ин қадар милисаро аз куҷо ёфтаанд. Махсусан, баътд аз соати 10-и шаб онҳо афродеро, ки гушаи хилват меҷӯянд, боздошт мекунанд ва ба шӯъба мебаранд. Бе ҳуҷҷат аслан ҳеч куҷо рафта намешавад," -- мегӯяд вай.

XS
SM
MD
LG