Ссылки доступа

SIPRI: ИМА ва Русия таслиҳоти ҳастаии худро нав мекунанд


Пажӯҳишгоҳи шведии адами густариши силоҳи ҳастаӣ эълом дошт, ки Иёлоти Муттаҳида ва Русия аз коҳиши таслиҳоти ҳастаии худ дида, бештар ба навсозии ин анбор машғуланд.

Бино бар гузориши солонаи Пажӯҳишгоҳи масъалаҳои ҷаҳонии Стокҳолм (SIPRI), ки имрӯз мунташир шуд, шумори умумии кулоҳакҳои ҳастаии 9 кишвар назар ба соли гузашта 455 адад камтар шудааст.

Ҳоло анбори таслиҳоти ҳастаии Иёлоти Муттаҳида, Русия, Бритониё, Фаронса, Чин, Ҳинд, Покистон ва Кореяи Шимолӣ аз 15 395 кулоҳак иборат аст, ки аз онҳо 4120 кулоҳак дар ҳолати корбурди фаврӣ қарор доранд. Аммо ИМА ва Русия дар ҳоли мудернсозии анбори таслиҳоти ҳастаии худанд.

Ба шумориши SIPRI то оғози соли 2016 Русия соҳиби 7290 буда, Иёлоти Муттаҳида 7000 кулоҳаки ҳастаӣ дорад.

Фаронса наздик ба 300, Чин 260, Бритониё 215 кулоҳак доранд. Покистогн аз 110 то 130, Ҳинд аз 100 то 120, Исроил соҳиби 80 ва Кореяи Шимолӣ 10 кулоҳаки ҳаставиянд.

XS
SM
MD
LG