Ссылки доступа

Трамп бори дигар хост, мусулмононро ба ИМА роҳ надиҳанд


Доналд Трамп, номзади эҳтимолии Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба мақоми президентии ИМА дар шарҳи ҳодисаи Орналдо бори дигар даъват кард, ки вуруди мусулмонон ба қаламрави кишварашро манъ кунанд. Дар ин бора Бӣ-би-сӣ хабар додааст.

“Ончи дар Орландо рух дод, танҳо оғози кор аст. Ҳукумати мо заифу нотавон аст. Даъват мекунам, манъ карда шавад. Зеро барои ҷилавгирӣ аз ин корҳо сахтгирӣ лозим аст”, - навиштааст вай дар Твиттер.

Дар натиҷаи тирпаронӣ дар клуби шабонаи ҳамҷинсгароён дар Орландо 50 нафар кушта шудааст, ки дар таърихи ИМА бесобиқа шумурда мешавад.

Бино бар иттилои расмӣ, ҳамлагар Умар Матин ном дошта, шаҳрванди 29-солаи афғонтабори ИМА ва сокини аёлати Флорида будааст.

Мақомоти Амрико бо вуҷуди он ки хадамоти махсус дар бораи пайванди Умар Матин бо гуруҳҳои террористӣ далелҳои раднашаванда надоранд, мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд ҳамла ба клуби ҳамҷинсгароён бо ангезаҳои зеҳнӣ сар задааст.

Барак Обама, президенти ИМА гуфт, хадамоти махсуси кишвараш бояд тамоми талошашро равона созаду муайян кунанд, ки Умар Матин бо кадоме аз гуруҳҳои террористӣ пайванде дошт ё не.

XS
SM
MD
LG