Ссылки доступа

ДИ масъулияти ҳамлаи Орландоро ба зимма гирифт


Гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» масъулияти ҳамла ба тарабхонаи шабонаи ҳамҷинсгароён дар Орландои Иёлоти Муттаҳидаро бар дӯш гирифт, ки дар натиҷаи он 50 нафар кушта ва 53 каси дигар захмӣ шуданд.

Пулис омили куштор дар тарабхонаи Pulse-ро, ки ҳамчун Умар С. Матин шиносоӣ шудааст ба қатл расонд. Матин сокини 29-солаи аёлати Флорида, шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида будааст.

"Ҳамлаи мусаллаҳона ба клуби шабонаи ҳамҷинсгароён дар шаҳри Орландои аёлати Флоридаи Амрико, ки бар асари он зиёда аз 100 нафар кушта ва захмӣ шудаанд, аз тарафи ҷанговари "Далвати исломӣ" анҷом дода шуд," -- мегӯяд бунгоҳи хабарии Amaq.

"Мо бо итминон гуфта метавонем, ки ангезаи он террор ва нафрат аст," -- гуфт раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар паёмаш дар Кохи сафед.

Агар амали террористӣ будани ин ҳамла тасдиқ шавад, он баъд аз 11 сентябри соли 2001 -- ҳамлаи "Аз-Қоида" ба ҳавопаймоҳои рабудашуда ба Маркази ҷаҳонии тиҷроат дар Ню Йорк, бинои Пентагон ва майдоне дар Пенсилвания, ки 3000 кушта ба ҷой гузошт, хунинтарин иқдом хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG