Ссылки доступа

Пулиси Оқтеппа муаллифони “маълумоти бардурӯғ”-ро мекобад


Раёсати корҳои дохилии вилояти Оқтеппаи Қазоқистон мегӯяд, ин ниҳод номи Дониёр Уайсов, сокини маҳаллиро дар рӯйхати гумонбарони ҳамлаҳои 5 июн дохил накардааст.

Дар ин бора бахши қазоқии Радиои Озодӣ бо истинод ба Ардагер Уайдин, сухангӯи РКД Оқтеппа хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Уайдин, пулис ҳоло шахсонеро, ки дар паҳни ин “маълумоти бардурӯғ” даст доранд, мекобад.

Рӯзи якшанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиати видеоии як сокини шаҳри Оқтеппа Дониёр Уайсов ба мақомоти Қазоқистон нашр шуд, ки дар он вай аз ворид шудани номаш ба рӯйхати гумонбарони ҳаводиси 5 июн норозигӣ баён мекунад.

Аксу рӯйхати гумонбарони ҳаводиси 5 июни Оқтеппа, ки миёнашон номи Дониёр Уайсови 29-сола ҳам ҳаст, дар гуруҳи zello.aktobe ва шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте” нашр шуд. Корбаре бо номи Кайрат худро намояндаи ин гуруҳ муаррифӣ карда, мегӯяд, маъмурияти гуруҳ аксу рӯйхатро тавассути паёмакрасони WhatsApp дастрас кардааст.

Рӯзи 5 июни соли равон дар вилояти Оқтеппа як гуруҳи мусаллаҳ ду мағозаи фурӯши силоҳро ғорат карда, ба қисми низомии Гвардияи миллӣ ҳамла карданд, ки дар натиҷа чаҳор сокини осоиштаву се низомӣ кушта шуд. Дар пайи амалиёти зидди террористӣ, ки аз 5 то 12 июн идома ёфт, 18 гумонбари эҳтимолии ҳамлаҳои мазкур нобуд карда шуда, ба камияш 9 нафар боздошт гардиданд.

XS
SM
MD
LG