Ссылки доступа

Дар Москва ГАЗели дорои акси Борис Немтсовро меҷӯянд


Дар Москваи Русия пулис ГАЗели бо акси Борис Немтсов, сиёсатмадори рус наққошишударо меҷӯяд. Сокинони маҳаллӣ гуфтаанд, дар рӯи акси Немтсов матни "иғвогарона" навишта шудааст.

Рақами қайди давлатии мошинро шиносоӣ кардаанд, аммо ин мошин ҳанӯз пайдо нагардидааст.

Эҳтимол, гап дар бораи мошине меравад, ки пештар аксашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда буданд. Болои акси Немтсов навишта шудааст: "Ислоҳот замоне сар мешавад, ки пул тамом шавад".

Сиёсатмадори мухолифи рус Борис Немтсов шаби 28 феврали соли 2015 дар болои Пули калони Москва, дар маркази ин шаҳр кушта шуд. Панҷ гумонбари ин қатл боздошт шуданд. Тафтишот бар ин аст, ки фармоишгар ва созмондиҳандаи қатли Немтсов узви пешини баталони "Шимол"-и ВКД Чеченистон Руслан Муҳиддинов аст. Наздикон ва ҳамсафони Немтсов мегӯянд, роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров дар ин куштор даст дорад.

XS
SM
MD
LG