Ссылки доступа

Дар Қӯқанд милисаҳоро бо помидору карам заданд


Дар шаҳри Қӯқанди вилояти Фарғона деҳқонону фурӯшандаҳои норозӣ кормандони пулисро бо помидору карам задаанд.

Ин муноқиша дар пайи тасмими маъмурияти бозори "Коппон" ба миён омада, ки хостааст, фурӯши сабзавотро ба дохили бозор кучонад, вале фурӯшандаҳову деҳқонон ба ин дастур тан надодаанд.

Маъмурияти бозор барои иҷрои дастури худ милиса даъват кардааст. Зӯроварии кормандони милиса сабаби воууниши фурӯшандаҳо шудааст.

"Кормандони пулис хостанд, фурӯшандаҳоро маҷбурӣ ба дохили бозор кӯчонанд, моли онҳоро бо лагад зада, парешон кардаанд. Деҳқонону фурӯшандаҳо ҳам помидору бодиринг ва карамҳои афтодаро гирифта, ба сару рӯйи милисазо заданд", - мегӯяд яке аз шоҳидони ҳодиса.

Ба гуфтаи вай, низоъ ба ҳадде бузург шудааст, ки кормандони пулис маҷбур шудаанд, нерӯи иловагӣ даъват кунанд.

Аммо намояндаи шаҳрдории Қӯқанд мегӯяд,ин нофаҳмӣ худи ҳамон рӯз бартараф гашта, ягон деҳқон ва фурӯшанда боздошт нашудааст. "Танҳо миёни онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд", - гуфт вай.

XS
SM
MD
LG