Ссылки доступа

Сардори дидбонгоҳи Қарамиқ: марз қонуни худро дорад


Бештари ронандаҳои қирғиз, ки қаблан аз “тамаъҷӯӣ”-и марзбонони тоҷик дар посгоҳи Қарамиқ шикоят намуда буданд, мегӯянд, баъди ин корашон муносибати сарҳадбонон бадтар шудааст. Аммо марзбонони тоҷик ин иддаоро рад мекунанд.

Толубой Ушбоев, раиси Ассотсиатсияи интиқолдиҳандаҳои бори Қирғизистон гуфт, агар қаблан марзбонони тоҷик бо гирифтани 50 сомонӣ мошинҳои борбарро назорати умумӣ мекарданд, ҳоло ҳар як мошинро бодиққат то як соат тафтиш мекунанд.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи Ушбоев, ба дасти марзбонон руйхати 25 ронандае афтодааст, ки аз тамаъҷӯӣ ба сафоратхонаи Қирғизистон дар Тоҷикистон шикоят бурда буданд. “Марзбонон ин руйхатро ба ронандҳо нишон дода таҳдид мекунанд, ки подоши чунин амалашонро хоҳанд дид”, - афзуд вай.

Аммо сардори дидбонгоҳи Қарамиқ иддаои ронандаҳои қирғизро рад карда, мегӯяд,марзбонон дар доираи қонунгузорӣ амал мекунанд. Ба гуфтаи вай, дар дидбонгоҳ мошинҳоро кормандони чаҳор ниҳод -- Агентии мубориза бо маводи мухаддир, Хадамоти гумрук, вазорати нақлиёт ва Сарраёсати марзбонӣ тафтиш мекунанд.

Сардори дидбонгоҳи Қарамиқ бадрафтории марзбонон бо ронандагонеро, ки қаблан ба сафорати Қирғизистон дар Душанбе шикоят бурданд, рад карда, гуфтааст, дар бораи рӯйхати мазкур ҳам хабар надорад.

Қаблан Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҷой доштани мавридҳои “тамаъҷӯӣ” миёни марзбонони посгоҳи Қарамиқро тасдиқ кард, вале сабаби банд мондани мошинҳои борбарро дар хатти марз “мушкилоти фаннии Системаи нави хазинаи ягонаи маълумот дар посгоҳи Қарамиқ” хонд.

XS
SM
MD
LG