Ссылки доступа

Ироқ барои берун рафтани сокинон аз Фаллуҷа роҳ кушод


Дар пайи ташкили "долони амн" аз сӯи нерӯҳои Ироқ наздики 4 ҳазор сокин шаҳри Фаллуҷаро, ки дар назорати исломгароён аст, тарк кардаанд.

Шӯрои Норвегия дар умури паноҳандагон, ки дар дохили Ироқ ба сокинон ёрӣ мерасонад, мегӯяд, аз оғози амалиёти нерӯҳои ироқӣ барои озод кардани Фаллуҷа аз ҷангиёни гуруҳи "Давлати исломӣ" 27 580 шаҳрванд аз ин шаҳр берун рафтааст.

Бино бар иттилои шӯро, бархе аз гурезаҳо гуфтаанд, ҷангиён бар ивази иҷозаи тарки шаҳр сари ҳар одам тақрибан 130 доллари амрикоӣ талаб мекунанд.

Ба ҳисоби созмонҳои хайриявӣ, дар шаҳри Фаллуҷа 50 ҳазор сокини осоишта боқӣ мондааст. Тибқи иттилои СММ, эҳтимол аст, дар ин шаҳр 90 ҳазор одам қарор дошта бошад, ки ба оби ошомиданӣ ва ғизо дастрасӣ надоранд.

Низомиёни Ироқ 22 май бо раҳбарии нерӯҳои ҳавоии ИМА ва кумаки сарбозони ихтиёрии шиамазҳаб амалиёти озод кардани шаҳри Фаллуҷаро оғоз карданд. Ин шаҳр моҳи январи соли 2014 аз сӯи ҷангиёни исломгаро ғасб шуда буд.

XS
SM
MD
LG