Ссылки доступа

Дар бетартибиҳои Марсел 150 авбоши рус ширкат кардааст


Додситонии Марсели Фаронса хабар медиҳад, дар бархурд бо мухлисони англис 11 июн бештар аз 150 авбоши рус, ки омодагии махсус дида буданд, ширкат кардаанд.

Тавре хабаргузории Associated Press менависад, додситон Брис Робин масъулияти аксари харобкориҳои шаҳрро ба дӯши русҳо гузоштааст. Вай мегӯяд, англисҳо ҳам дар бархе аз вайронкориҳо даст доранд.

Дар занозании мухлисони русу англис дар Марсели Фаронса бештар аз 30 нафар маҷруҳ шудааст. Бархеи онҳо дар ҳолати сангин қарор доранд. 20 нафар боздошт шудааст. Додситонӣ мегӯяд, боздоштшудаҳо бритониёӣ, фаронсавӣ ва австаргӣ ҳастанд.

Барои ширкати мухлисони рус дар занозаниҳо Иттифоқи аврупоии эътилофҳои футбол (УЕФА) бо айби нажодпарастӣ, ширкат дар бетартибиҳои оммавӣ ва истифодаи маводи тарфгарӣ (пиротехтника) парванда кушода аст. УЕФА мегӯяд, агар ҳаводорони тимҳои мунтахаби Русия ва Англия дар оянда ҳам дар бетартибиҳо ширкат кунанд, ронда шудани ин ду тим аз мусобиқаи қаҳрамонии Еврупо аз эҳтимол дур нест.

XS
SM
MD
LG