Ссылки доступа

Хориҷиён аз ҳаққи моликият ба ВАО-и Қирғизистон маҳрум мешаванд


Як гурӯҳи вакилони порлумони Қирғизистон аз Ҳизби сотсиал-демократӣ ва "Ҷумҳурӣ-Ота-Ҷурт" тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи ВАО"-ро пешниҳод доранд, ки бар пояи он шаҳрвандон ва ширкатҳои хориҷӣ наметавонанд дар ин кишвар расонаи ахбори ом таъсис диҳанд ё соҳиби он бошанд.

Бино бар тарҳри нав инчунин набояд бештар аз 20%-и маҷмуи хароҷоти солонаи васоити ахбори ом (ВАО) аз сарчашмаҳои хориҷӣ ба даст оварда шавад.

Тағйиру иловаҳои мазкур ба қонун "Дар бораи ВАО"-и Қирғизистон имрӯз, 14 июн дар ҷаласаи Кумитаи умури иҷтимоии порлумони ин кишвар баррасӣ шуда, бештари вакилон аз он ҷонибдорӣ кардаанд.

Ин лоиҳаи қонун аз ҷониби кумитаҳои дигари дахлдори порлумони Қирғизистон баррасӣ гардида, баъдан барои муҳокима ба Жогорку Кенеш фиристода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG