Ссылки доступа

Камшавии интиқоли пул аз Русия дар соли 2016 низ идома мекунад


Бино бар иттилои нашрияи русии "Коммерсантъ", камшавии ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирон бо душвориҳои иқтисодии Русия ва беқуршавии рубл рабт дорад.

Хабар дода мешавад, ки дар семоҳаи аввали соли 2016, бино бар иттилои Бонки марказии Русия, сармояи аз Русия ба кишварҳои ИДМ тавассути бонкҳо интиқолдодаи муҳоҷирон 914 миллион долларро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирон дар семоҳаи аввали соли 2014 3,3 миллиард доллар ба ватан фиристода буданд.

Аз рӯйи ҳаҷми маблағҳои интиқолӣ дар гузашта Ӯзбекистон дар ҷои аввал буд: аз Русия ба ин кишвар дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳамагӣ 256 миллион доллар интиқол дода шудааст, дар ҳоле ки соли 2014 муҳоҷирони ӯзбек 910 миллион доллар фиристода буданд. Тоҷикистон, ки дар гузашта мақоми дувумро касб мекард, акнун ба мақоми чаҳорум фаромадааст (ҳаҷми пулҳои интиқолӣ ба кишвар 6,3 маротиба кам гардидааст). Қирғизистон аз мақоми чаҳорум ба дувум баромадааст. Гуфта мешавад, далели боло рафтани мақоми ин кишвар шомилшавии Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукии АвруОсиё аст. Шаҳрвандони Қирғизистон дигар маҷбур нестанд, иҷозатномаи дарозмуддати кор бигиранд.

Тибқи баҳогузории Бунёди байналмилалии асъор, дар соли 2016 кишварҳои Осиёи Марказиро пастравии рушди солона то 1,2% интизор аст. Ин нишондоди пасттарин дар 20 соли охир хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG