Ссылки доступа

Мақомоти Фаронса: қатли пулису ҳамсараш - теракт аст


Бернар Казенёв, вазири корҳои дохилии Фаронса куштори як пулис ва ҳамсарашро дар наздикии пойтахтиФаронса "амали ошкорои террористӣ" номид. Ин ҳодиса шаби душанбе рух додааст.

Муовини сардори пулиси маҳаллӣ ва ҳамсараш, ки ҳамзамон корманди пулис буд, кушта шудаанд.

Муайян шудааст, ки ҳамлагар - Ляросси Аббалла пештар бо айби робита доштан бо гуруҳи ҷиноӣ ба се соли зиндон маҳкум шуда, баъди ним сол озод гаштааст.

Хабар дода мешавад, ҳамлагар гуфтааст, вай узви гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" аст.

XS
SM
MD
LG