Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон сангпуштҳо дар ҳоли нестшавианд


Сангпуштҳои оддӣ дар Тоҷикистон дар марзи нестшавӣ қарор гирифтаанд. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон сангпуштро ба Китоби Сурх ворид карда, шикорашро манъ намудааст.

Абдуқодирхон Маскаев, роҳбари Шуъбаи назорати давлатии назорат ва ҳифзи набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, қарори манъи шикори сангпуштҳо бо пешниҳоди Институти биология ва ҳашароти Академияи илмҳои Тоҷикистон қабул шудааст.

"Мо омори дақиқе надорем, ки чи қадар сангпушт дар кишвар мавҷуд аст. Ин оморро институтҳои Акадмеияи илмҳо дар ихтиёр доранд. Ба ҳамин далел бо пешниҳоди онҳо мо сангпуштро ба Китоби сурх шомил кардем", - гуфт вай.

Ба гуфтаи Маскаев, коркарди саросарии кишорвазии заминҳо, яъне омили антропологӣ низ яке аз сабабҳои аслии кам шудани сангпуштон буда метавонад. “Вақте заминҳо шудгор мешавад дар бисёре аз марвид тухми он нест мешавад, ҳангоми дарави алаф низ дар дашту даман саршумори он метавонад кам шавад,” – меафзояд Маскаев.

Маскаев афзуд, бо ворид шудани сангпушт ба Китоби Сурх шикори он манъ карда шуда, барои онҳое, ки ин муқарраротро нақз мекунанд, ҷарима пешбинӣ шудаст. Аммо бо вуҷуди таъин шудани ҷазо барои сайди сангпушт, дар сомонаҳои ройгони эълон дар Тоҷикистон эълонҳое ба мушоҳида мерасанд, ки дар он гуфта мешавад: “Сангпушт мехарем. 40 сомонӣ!”

Дар гузашта Хадамоти гумруки Тоҷикистон борҳо хабар дода буд, ки аз интиқоли ғайриқонунии сангпушт ба Чин пешгирӣ кардааст. Дар Чин таъоми аз гӯшти сангпушт омодашуда лазизтарин таъом ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG