Ссылки доступа

Акси шоҳзода Уилям дар маҷаллаи маъруфи ҳамҷинсгароён


Шоҳзодаи бритониёӣ Уилям гуфт, дар шумораи навбатии маҷаллаи ҳамҷинсгароёни Attitude аксаш нашр мешавад. Крег Петтӣ, роҳбари эътилофи ҳомиёни ҳуқуқи ҳамҷинсгароёни Glifaa хабар дод, ки шоҳзода барои нашр шудани аксаш дар маҷалла розигӣ додааст.

Шоҳзода ба Крег Петтӣ дар бораи ин қарораш ҳангоми ташриф бурдан ба сафорати Амрико дар Бритониё барои баёни ҳамдарӣ ба наздикони қурбониёни куштори Орландо, хабар додааст.

Дар хабаре, ки дар сомонаи Би-би-сӣ нашр шуд, омадааст, ки "оё шоҳзода дар саҳифаи аввали маҷалла пайдо мешавад ва чанд қабат либос ба бар хоҳад кард, ҳанӯз дақиқ нест".

Дар замонҳои мухталиф дар саҳифаи аввали маҷалла аксҳои Тонӣ Блэр, Дэниел Рэдклифф, Мадонна, Ҳит Леҷер, Саша Барон-Коэн, Дэвид Кэмерон, Клайв Оуэн ва Дэвид Бекҳам нашр шуда буд.

XS
SM
MD
LG