Ссылки доступа

Путин ба санҷиши ногаҳонии артиши Русия дастур дод


Владимир Путин мен Сергей Шойгу

Владимир Путин мен Сергей Шойгу

Владимир Путин, президенти Русия барои гузаронидани санҷиши ғайринавбатии Қувваҳои мусаллаҳи кишвараш дастур додааст.

Тавре Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гуфтааст, санҷиши ногаҳонӣ "барои баҳо додан ба омодагии ҷангӣ ва сафарбаркунии артиш" зарур аст.

Вай афзудааст, ки инчунин сарбозонро барои иҷрои вазифаҳо дар задухурдҳои гуногуни мусаллаҳонаву ҳолатҳои буҳронӣ бояд омода кард. Ба гуфтаи Шойгу, ин санҷиш то 22 июн идома хоҳад ёфт.

Русия дар соли 2014 ва 2015 ба таври бесобиқа санҷишҳои ногаҳонию машқҳои низомӣ баргузор намудааст. Дар маневри "Марказ-2015"-и моҳи сентябри соли гузашта наздики 100 ҳазор низомӣ, беш аз 7 ҳазор адад силоҳу техника, 170 ҳавопаймо ва 20 киштӣ иштирок кард.

Инчунин дар ҳавзаҳои марказию ҷанубӣ ва ғарбӣ ҳам машқҳои низомӣ гузаронида шуд. Мақомоти Украина мегӯянд, баъди баргузории чунин маневрҳо афзоиши нерӯҳои Русия дар марз ва шиддат ёфтани вазъ дар Донбассро мушоҳида намудаанд.

Кишварҳои Ғарб борҳо дар робита ба машқҳои зиёди низомии Русия нигаронӣ намудаанд.

XS
SM
MD
LG