Ссылки доступа

Песков: Русия дар рахнаи пойгоҳи маълумотии ИМА даст надорад


Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков ҳамдастии Русияро дар шикастани пойгоҳи маълумотии Кумитаи миллии Ҳизби демократии ИМА рад кард, хабар медиҳад Reuters.

Пештар нашрияи "Вашингтон Пост" навишта буд, ки рахнагарони рус бо дастури мақомоти махсуси Русия шабакаи компютерии Кумитаи миллии ҳизби Демократии ИМА-ро шикаста, парвандаи Доналд Трампро рабудаанд. Нашрия ба намояндагони расмии Ҳизби демократӣ такя мекунад. Ба гуфтаи намояндагон, рахнагарони рус тавонистаанд на танҳо ҳамаи маълумотномаи Трампро ба даст оранд, балки мукотибаи электронии таҳлилгарони ҳизбро низ нусхабардорӣ кардаанд.

"Мо ба маҳзи пай бурдани ҳамлаи рахнагарон бо онҳо муносибати ҷиддӣ кардем", - гуфт раиси Кумитаи миллӣ Дебби Вассерман. Мутахассисони амрикоӣ тавонистаанд, ки "ҳамларо рафъ" кунанд ва шабакаҳои компютерии Ҳизби демократиро ҳифз намоянд.

Бино бар иттилои "Вашингтон Пост", барои рахна кардани компютерҳои Ҳизби демократӣ ду гуруҳи рахнагарон ширкат кардаанд. Яке аз ин гурҳҳо бо дастури Сарраёсати иктишофии низомии Русия кор кардааст. Сарраёсати иктишофӣ гӯиё аз соли гузашта муколамаи электронии роҳбарони Ҳизби демократиро мехондааст.

XS
SM
MD
LG