Ссылки доступа

ВКД: эҳтимол аст, ҳамлагарони Оқтеппа аз Сурия дастур гирифтаанд


Калмуханбет Қосимов, вазири корҳои дохилии Қазоқистон мегӯяд, иштирокдорони ҳаводиси Оқтеппа барои анҷоми ҳамлаҳо аз имоме, ки эҳтимол дорад, аз Сурия аст, дастур гирифтаанд.

"Дар як ҳуҷра ҷамъ шуда, муроҷиатномаи ба истилоҳ "имомашон"-ро гуш мекунанд, ки аз онҳо мехоҳад, ҷиҳод кунанд ва низ пешниҳод менамояд, ки ин корро худи имрӯз анҷом бидиҳед", - гуфтаас Қосимов зимни суҳбат бо рӯзноманигорон дар шаҳри Остона.

Вай афзудааст, "онҳо пешакӣ омодагӣ дида буданду алакай медонистанд, ки чи тавр ва ба куҷо бираванд. Бо иншоот ҳам ошно буданд. Фикр мекунам, тафтишот то охир ҳамаро исбот хоҳад кард".

Ба гуфтаи вазири корҳои дохилии Қазоқистон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Оқтеппа ҳоло ба ҳолати аввалаи кор баргашта, нерӯҳои махсус ҳам ба ҷойҳояшон омадаанд.

ВКД Қазоқистон мегӯяд, теъдоди умумии иштирокдорони ҳаводиси Оқтеппаро муайян карда, аз 45 нафар 25-тоашон дар ҳамла ба фурӯшгоҳҳои силоҳ ва қисми низомии Гвардияи миллӣ иштирок намудааст.

Қосимов мегӯяд, ҳангоми бозпурсии 19 нафаре, ки аз иштирок дар ин ҳамлаҳо "даст кашидаанд", муайян шуда, ки ҳадафи ҳамлагарон соҳиб шудани теъдоди зиёди силоҳу ғасби ниҳодҳои давлатӣ будааст.

XS
SM
MD
LG