Ссылки доступа

Шиносномаи бе "миллат"-и қирғизӣ баҳсҳоеро ба миён овардааст


Хадамоти давлатии бақайдгирии Қирғизистон намунаи нави шиносномаи шаҳрвандони ин кишварро муаррифӣ намуд. Аммо набудани иттилоъ дар бораи миллат дар он баҳсҳои зиёдеро ба миён овардааст.

Дар намунаи нав ному насб, шаҳрвандӣ, рӯзи таваллуду муҳлати эътибор ва имзои соҳиби шиноснома қайд шуда, маълумот дар бораи миллат, оила, макони истиқомат ва вазъи оилавӣ дар чипи электронӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Ин намуна дар ҷаласаи комиссияи байниидоравӣ баррасӣ шуда, баъди тасдиқ қонунӣ хоҳад шуд. Шиносномаи нав ба шаҳрвандони Қирғизистон баъди анҷоми расмиёт дода шуда, шиносномаҳои пешин то анҷоми муҳлати эътибор истифода мешаванд.

Пок шудани "миллат" дар шиносномаи нав миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳоеро ҳам ба миён овардааст. Бархе онро фитнаангезӣ ва бархи дигар омили ваҳдату ҳамдилӣ дар кишвар донистаанд.

Бори нахуст бекор кардани "графаи панҷум"-ро Шӯъбаи ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандии Дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизистон соли 2011 зимни конфронсе дар Иссиқкул пешниҳод карда буд ва бештари иштирокдорони ҳамоиш ҳам гуфтанд, зикри миллият мояи тафриқаандозист.

XS
SM
MD
LG