Ссылки доступа

Ӯзбекистон муваққатан дарҳояшро ба рӯи ҳамсояҳо мебандад


Ӯзбекистон ворид шудани одамон, мол ва мошинҳо аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон ба қаламравашро манъ мекунад.

Дар ин бора Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон хабар дода, мегӯяд, ин раванд аз 15 то 25 июн идома хоҳад ёфт.

Маҳдудияти мазкур ба сокинони анклави Бораки ноҳияи Қорасӯй дахл надошта, онҳо тавассути марзи Қирғизистону Ӯзбекистон бемамониат равуо хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, рӯзҳи 23-24 июн дар шаҳри Тошканд саммити Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор мешавад. Қаблан хабар доданд, ки дар рӯзҳои баргузории ин ҷаласа роҳҳои даромаду баромади пойтахти Ӯзбекистон баста хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG