Ссылки доступа

Ҷавонони қирғиз мушкили "арӯсрабоӣ"-ро баррасӣ мекунанд


Эътирози зидди духтардуздӣ дар Қаракол

Эътирози зидди духтардуздӣ дар Қаракол

Дар ноҳияи Бозор - Қӯрғони Қирғизистон анҷумани "Ҷавонон бо гомҳои устувор барои ҳадафҳои нек" баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора намояндагии Барномаи рушди СММ дар ин кишвар хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин чорабинӣ беш аз 120 намояндаи ҷавонон, ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон иштирок мекунад.

Қарор аст, дар ин анҷуман мавзуъҳои пешгирӣ аз хариду фурӯши одам, дуздидани арӯсҳо ва беҳтар гардидани сиёсати ҷавонон баррасӣ шавад. Иштирокдорони ҳамоиш дар охир қатъномаеро қабул хоҳанд кард.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, ҳадафи баргузории анҷумани мазкур муттаҳид кардани насли ҷавон барои гузоштани пуле миёни онҳо ва шахсоне аст, ки дар мавриди баланд бардоштани дониши фарҳангию ҳуқуқӣ, иқтидор ва огаҳии ҷавонон тасмим мегиранд.

XS
SM
MD
LG