Ссылки доступа

Кремл: роҳбарони Озарбойҷону Арманистон дар Петербург вомехуранд


Кремл мегӯяд, Владимир Путин, президенти Русия 20 июн дар шаҳри Санкт-Петербурги ин кишвар бо президентҳои Озарбойҷону Арманистон дар масъалаи Қарабоғи Куҳи музокирот баргузор мекунад.

Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия мегӯяд, бо баргузории мулоқот миёни Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон ва Серж Саргсян, президенти Арманистон, Русия дар масъалаи низоъи Қарабоғи Куҳӣ "нақши миёнаравии худро идома медиҳад". Дидори охири Саргсян бо Алиев моҳи май дар Вена баргузор шуда буд.

Дар ибтидои моҳи апрел баъди низоъи чаҳоррӯза дар Қарабоғи Куҳӣ низоми оташбас эълон гардид. Мухолифати Озарбойҷону Арманистон дар масъалаи минтақаи ҷудоихоҳи Қарабоғи Куҳӣ ду даҳсола аст, ки идома дорад. Ҷудоихоҳоне, ки аз сӯи Арманистон пуштибонӣ мебинанд, дар охири солҳои 80 ва ибтидои солҳои 90-и асри гузашта мустақилияти минтақаро эълон карда буданд. Дар Қарабоғ бештар арманиҳо сукунат доранд. Талошҳои дипломатӣ дар ҳалли ин низоъ таъсири хеле кам доштаанд.

XS
SM
MD
LG