Ссылки доступа

Порлумони Қазоқистон ислоҳоти заминро манъ кард


Порлумони Қазоқистон рӯзи чаҳоршанбе қонуни манъи ислоҳоти кодекси замини ин кишварро қабул кард.

Акнун эътибори қонун "Дар бораи ислоҳот ва иловаҳо ба Кодекси замин" то 31 декабри соли 2016 боздошта шудааст.

Ҳамчунин бархе аз меъёрҳои кодекси замин манъ мешавад. Ба вижа, ба хориҷиён, афроди бе шаҳрвандӣ, афроди ҳуқуқии хориҷӣ ва ғайра додани замин манъ гардидааст.

Эътирозҳои мардумӣ "дар масъалаи замин", ки дар чанде аз шаҳрҳои Қазоқистон дар охири моҳи апрел баргузор шуд, боис гардид, ки эътибори кодекси замини ин кишвар ба таъхир андохта шавад.

XS
SM
MD
LG