Ссылки доступа

Обама: Вашингтон ҷонибдори истиқлоли Тибет нест


Далай-лама гуфтааст, алоқаманди истиқлоли Тибет нест ва бовар дорад, ки муколама миёни ҳукумати вай ва Чин аз сар гирифта мешавад.

Бино бар иттилои Кохи сафед, президенти ИМА ва Далай-лама дар ин вохурӣ вазъи тибетиҳо дар Чинро баррасӣ кардаанд. Барак Обама, президенти ИМА қайд кардааст, ки аз ҳифзи анъанаҳои нодири динию фарҳангӣ ва забонии Тибет дастгирӣ карда, ҳимояи ҳуқуқи тибетиҳо дар Чинро боаҳамият медонад. Инчунин вай ба ҷонибдори сулҳу зидди хушунат будани Далай-лама баҳои баланд додааст.

Президенти ИМА ба муколамаи мустақим ва созанда миёни ҳукуматҳои Далай-ламаву Чин барои коҳиши танишҳо ва аз байн бурдани нофаҳмиҳо даъват кардааст. Обама бори дигар мавқеи ИМА-ро баён карда, гуфтааст, Вашингтон Тибетро ҷузъи қаламрави Чин медонад ва аз истиқлоли он ҷонибдорӣ нахоҳад кард.

Далай-лама ҳам дар навбати худ изҳор доштааст, ки алоқаманди истиқлоли Тибет нест ва бовар дорад, муколама миёни ҳукумати вай ва Чин аз сар гирифта мешавад. Ҷонибҳо инчунин ба аҳамияти равобити созандаву самараноки ИМА ва Чин таъкид кардаанд.

XS
SM
MD
LG