Ссылки доступа

Қотилони муҳоҷири тоҷик дар Русия зиндонӣ шуданд


Додгоҳи шаҳри Солнечногорски вилояти Москва се корманди пулиси Русияро бо ҷурми куштори муҳоҷири 39-солаи тоҷик Фаррух Урозов ба муҳлати беш аз 7 сол зиндонӣ кард.

Ин се афсари рус ба зиёдаравӣ аз ҳадди ваколати хидматӣ ва расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги муҳоҷири тоҷик гардидааст, гунаҳкор шуда, ҳар кадомашон 7 солу 6 моҳӣ аз озодӣ маҳрум гардидаанд. Ин дар ҳолест, ки айбдоркунандаи давлатӣ қаблан барои онҳо 9 соли зиндонро талаб карда буд.

Илҳом Алихонов, бародари Фаррух Урозов ҳукми эълоншуда нисбат ба афсарони русро сабук мешуморад. “Ба фарқ аз даҳҳо тоҷики дигар, ки дар Русия кушта шуданду касе аз пайи қотилонашон нагашт, мо тавонистем бо кӯмаки Кумитаи Русия оид ба пешгирии шиканҷа гунаҳкоронро ба курсии айбдорӣ бишинонем. Албатта, метарсам, ки онҳо ҳатто аз ин ҳукми сабук ҳам шикоят мебаранд ва боз ҳам пойин оварданашро талаб хоҳанд кард. Вале аз дасти ман ҳамин қадар омад", - гуфт вай.

Ба гуфтаи Алихонов, ҳоло барояш аз ҳама муҳимтар ба додгоҳ расондани даъвои товон ва таъмин кардани нафақаи 4 кӯдаки хурдсоли Фаррух Урозов аст, ки баъди марги падар ятим ва бесаробон мондаанд.

XS
SM
MD
LG