Ссылки доступа

Эрон аз болои ИМА ба додгоҳи СММ шикоят бурд


Эрон барои дарёфти ҳаққи дастрасӣ ба дороиҳои ҳабсшудааш дар ИМА расман ба додгоҳи байналмилалии СММ муроҷиат кард.

Ҳасан Руҳонӣ, президенти Эрон дар як паёми телевизиониаш гуфт, "ҳукумат дар робита ба мусодира ва дуздида шудани 2 миллиард доллари бонки марказӣ аз болои ИМА ба додгоҳи байналмилалии СММ расман шикоят бурд".

Додгоҳи мазкур то куҷо барои ҳалли ин масъала салоҳият дорад, ҳанӯз маълум нест.

Моҳи апрел Додгоҳи олии ИМА қарор кард, ин пул ба пайвандони амрикоиҳое тақсим карда шавад, ки дар натиҷаи бомбаборони қушунҳои дарёии ин кишвар дар Бейрут ё ҳамлаҳои дигаре, ки масъулияташ бар зиммаи Эрон аст, кушта шудаанд.

Аммо Теҳрон даст доштанашро дар ҳамлаи 1983 ба қушунҳои дарёии ИМА-ро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG