Ссылки доступа

Фасодолудагии шартномаҳои Қумторро тафтиш мекунанд


Кони Қумтора
Кони Қумтора

Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон ба Додситонии кулли ин кишвар дастур додааст, ки қонунӣ будани шартномаҳои пешини Қумтор - кони тилоро бисанҷад.

Додситонии кулли Қирғизистон шартномаҳои солҳои 2003-2004 ва 2009-ро бояд бисанҷад ва агар дар ин шартномаҳо фасод ва сӯистифода ҷой дошта бошад, ошкор кунад.

Дастури Алмосбек Отамбоев ба ин ниҳод баъди боздошти Дастан Саригулов, раиси ташкилоти саҳҳомии "Қирғизалтин" дар солҳои 2000-ум, содир шудааст. Саригулов аввали ҳафтаи ҷорӣ боздошт шуд. Вай дар асоси нишондодҳои мудири пешини Centerra Gold Inc Леонардо Хоменюк дар бораи тамаъҷӯии ҳокимони қирғиз дар солҳои 2000-ум боздошт гардидааст.

Тафтиши қонунӣ будани шартномаҳои Қумтор ҳамзамон бо баҳси додгоҳии ин ширкат дар мавриди зарари экологӣ оғоз шудааст. Пештар аз ин Додгоҳи байниноҳиявии Бишкек ширкати "Қумтор Оперейтинг Компани"-ро 7 миллиард сом (муодили 700 миллион сомонӣ) барои расонидани зарари экологӣ ҷарима баст.

XS
SM
MD
LG