Кормандони умури дохилӣ бинои коргоҳро дар ноҳияи Чинози вилояти Тошканд муҳосира ва худи соҳибкорро боздошт намудаанд. Вале нимаи дувуми рӯз маълум гардид, ки вай озод шудааст.
Тавре муайян шуд, Аҳмад Турсунбоеви 38-сола дар қаллобӣ ба миқдори махсусан калон айбдор мешавад. Ба раванди кофтукоб ва шумориши пулҳои нақдинаи коргоҳи Аҳмадбой даҳҳо нафар ҷалб шудаанд.
Ба гуфтаи манбаи бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар натиҷаи кофтукоб аз коргоҳи Аҳмадбой 40 миллиард суму 2 миллиард доллари нақд ёфтаанд.
Манбаи дигари радио мегӯяд, Аҳмадбой дар пайи таҳқиқи парвандаи ширкати муштараки Узбакистону Амрико - GM Uzbekistan боздошт шудааст.
Ба гуфтаи вай, Турсунбоев 15 июн ҳангоми муҳосираи бино дар коргоҳаш будааст.