Ссылки доступа

Русия дар Ҳалаб оташбаси 48-соатӣ эълон кард


Вазорати дифои Русия дар шаҳри Ҳалаби Сурия сар аз 16 июн оташбаси 48-соатӣ эълон кардааст. Намояндаи Департаменти давлатии ИМА дар суҳбат бо хабаргузории DPA гуфт, гуруҳҳои Сурия низ ба қатъи амалиёти ҷангӣ розӣ шудаанд.

Ин оташбас дар шаҳри Ҳалаб бояд шаби чаҳоршанбе ба панҷшанбе эълон мешуд.

Ҷон Керрӣ, котиби давлатии ИМА чаҳоршанбе, 15 июн гуфт, Русия ва низоми Сурия бояд оташбасеро, ки моҳи феврал дар борааш созиш кардаанд, риоя намоянд. Вай илова кард, ки сабри ИМА ба поён мерасад.

Русия гуруҳи "Фронт ан-Нусра"-и Сурияро ба мушакборони манотиқи Ҳалаб ва истифода аз тонкҳо дар ҷанубу ғарби ин шаҳр айбдор мекунад. Нерӯҳои ҳавоии Русия ба низомиёни Сурия ҳангоми мубориза бо гуруҳҳои ҷангҷӯю саркаш дар Ҳалаб кӯмак кардаанд.

Ба ҳисоби Syrian Observatory for Human Rights аз 14 июл ба ин сӯ дар ҷангҳои наздикии Ҳалаб наздик ба 70 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG