Ссылки доступа

Блогнавис барои ишора ба артиши Русия дар Сурия боздошт шуд


Алексей Кунгуров

Алексей Кунгуров

Баррасии парвандаи блогнависи тюмении рус Алексей Кунгуров, ки бо айди даъват ба терроризм боздошт шудааст, 19 август доир мегардад.

Раёсати минтақавии Хадамоти федеролии амнияти Русия пойфишорӣ кардааст, ки блогнавис боздошт шавад. Баҳонаи ин боздшот назари вай дар бораи нерӯҳои Русия дар Сурия будааст, мегӯяд рӯзноманигор Максим Карпиков, ки дар толори мурофиа ҳузур доштааст.

Ҳамсари блогнавис хабар медиҳад, ки боздошти шавҳараш то тирамоҳ тамдид мешавад. Вай мегӯяд, бозиҳои футболи қаҳрамони Аврупо боис гардидааст, ки толори додгоҳ холӣ монад. Ҳарчанд бисёриҳо дар бораи мурофиа огоҳӣ доштанд.

Дар ибтидои моҳи март дар бораи парвандаи Кунгуров хабар расид. Тафтишот мегӯяд, як матлаби ин блогнавис дар шабакаҳои иҷтимоӣ хусусияти даъвати оммавӣ ба терроризмро дорад. Баъди ҷустуҷӯ дар моҳи март Кунгуровро раҳо карда буданд, акнун додгоҳ ҳукми боздошти ӯро содир кард.

XS
SM
MD
LG