Ссылки доступа

Вакили қирғиз: аз Радиои Озодӣ душман натарошед


Депутат Жогорку Кенеша КР Рыскелди Момбеков
Депутат Жогорку Кенеша КР Рыскелди Момбеков

Набояд аз радиое, ки ба ҷомеаи Қирғизистон кӯмак мерасонад, душман бисозем. Ин нуктаро Рискелдӣ Момбеков, вакили порлумони Қирғизистон аз Ҳизби сотсиал-демократии ин кишвар баён доштааст.

"Мо мафиати фаъолияти Бахши қирғизии Радиои Озодиро дидем. Дар давраи ҳукуматдории Акаев ва Боқиев кормандони ин радио барои рушди демократия дар кишвар саҳми бузург гузоштаанд. Ҳоло акнун воситаи ахбори оммаеро, ки ба ҷомеа манфиати бузург расонидааст, мехоҳанд душман бисозанд. Ҳамаи мо дидем, ки лоиҳаи қонун хуб омода нашудааст ва агар онро дар ин шакл қабул кунем, озодии баён дар кишвар маҳдуд хоҳад шуд", - гуфтааст вай.

Ёдрас мешавем, як гуруҳ аз вакилони порлумони Қирғизистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи ВАО"-ро пешниҳод карданд, ки бар пояи он шаҳрвандон ва ширкатҳои хориҷӣ наметавонанд дар ин кишвар расонаи ахбори ом таъсис диҳанд ё соҳиби он бошанд. Баррасии он ҳоло ба ҳафтаи оянда гузошта шуд.

Қаблан як гуруҳи фаъолони шаҳрвандӣ аз вакилони Жогорку Кенеш даъват кардан, ки тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи ВАО"-и Қирғизистонро рад кунанд.

XS
SM
MD
LG