Ссылки доступа

Қоҳира "қуттии сиёҳ"-и Airbus-320 -ро пайдо кард


"Қуттии сиёҳ" ё дастгоҳи сабти ҳолати ҳавопаймои ширкати EgyptAirро, ки моҳи гузашта дар баҳри миёназамин суқут карда буд, пайдо кардаанд.

Бино бар хабарҳо, таҷҳизоти мазкур ба қисматҳо пора шудааст, вале мутахассисон тавонистаанд, сабти онро ба даст оранд.

Ин "қутъии сиёҳ", ки дар он тамоми гуфтугӯи халабонҳо сабт гардидааст, ҳоло барои ташхис ба Александрия фиристода шудааст.

Ҳавопаймои Airbus-320-и EgyptAir рӯзи 19 май ҳангоми парвоз аз Порис ба Қоҳира дар 290-километрии соҳили шимолии Миср дучори садама шуда, дар натиҷа ҳамаи 66 мусофир ва узви экипажаш ба ҳалокат расиданд. Сабабҳои ин садама то ҳол маълум нест ва ин розро бояд сабти "қуттии сиёҳ" боз кунад.

XS
SM
MD
LG