Ссылки доступа

Сафари Нурсултон Назарбоев ба Санкт-Петербург


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон барои иштирок дар форуми байналмилалии иқтисодӣ ба шаҳри Санк-Петербург сафар кард.

Тавре хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон хабар медиҳад, дар ҷараёни сафари Назарбоев ба Русия, як қатор вохуриҳои дуҷониба дар назар аст. Инчунин интизор меравад, вай бо ҳамтои русаш Владимир Путин ва намояндаҳои соҳибкорони Русия мулоқот намояд.

Ин сафари расмии нахустини Назарбоев ба Русия баъди ҳамлаҳо ва анҷоми амалиёти террористӣ дар вилояти Оқтеппа хоҳад буд, ки дар наздикии марзи Русия ҷойгир шудааст.

Рӯзи 5 июн ба фурӯшгоҳҳои силоҳ ва қисми низомии Гвардияи миллӣ дар Оқтеппа ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт, ки дар натиҷа 5 сокини осоишта ва се низомӣ кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG