Ссылки доступа

Сокини Восеъ "Тоҷиксодиротбонк"-ро ба додгоҳ мекашад


Хуршед Махмадиев
Хуршед Махмадиев

Як сокини ноҳияи Восеъ тасмим гирифтааст, барои бозпас гирифтани 6 ҳазор доллари пасандозаш "Тоҷикисодиротбонк"-ро ба додгоҳ кашад.

Хуршед Маҳмадиев, сокини Восеъ мегӯяд, аз моҳи март ба ин тараф барои гирифтани 15 ҳазор доллараш борҳо ба ин бонк муроҷиат кардааст. Аммо то ҳол натавонистааст, ки ин пасандозашро пурра бозпас бигирад.

Баъди расонаӣ шуданӣ ин қазия, "Тоҷиксодиротбонк" 9 ҳазор доллари пасандозашро баргардонидааст. Вале ҳоло маълум нест, ки 6 ҳазор доллари боқимонда кай пардохт хоҳад шуд. Маҳмадиев гуфт, акнун маҷбур аст, барои ҳалли ин мушкил ба додгоҳ муроҷиат кунад.

Аз ин пеш як гурӯҳ аз омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳам бино бар пардохт нашудани маоши думоҳаашон аз болои бонки мазкур ба додгоҳ шикоят бурданд.

Бонки миллии Тоҷикистон моҳи майи соли равон барои се моҳ дар ин муассисаи молӣ раҳбарияти муваққатӣ таъин кард. Дар ин муҳлат бояд вазъи молии "Тоҷиксодиротбонк", ки яке аз чаҳор бонки бузург дар кишвар бо сармояи беш аз 5 миллиард доллари амрикоӣ аст, беҳтар карда шавад.

XS
SM
MD
LG