Ссылки доступа

Кушта шудани вакили порлумони Бритониё


Кушта шудани як вакили порлумон боис шудааст, дар Бритониёи Кабир маъракаи мухолифон ва ҷонибдорони узвияти ин кишвар дар Иттиҳоди Аврупоро барои раъйпурсии 23 июн боз доранд.

Ҷо Кокс, вакили порлумон аз Ҳизби коргар, ки дар наздикии шаҳри Лиддс, шимоли Англия дар натиҷаи як ҳамла захмӣ шуда буд, ба ҳалокат расидааст.

Аз ин рӯ, маъракаи мухолифон ва ҷонибдорони узвияти ин кишвар дар Иттиҳоди Аврупо барои раъйпурсӣ, ки қарор аст, 23 июн баргузор гардад, боз дошта шудааст. Далели ангезаи сиёсӣ доштани ин ҳамла мавҷуд нест.

Бо гумони ҳамла ба ин зан як марди 52-сола дастгир гардидааст, ки ному насабаш гуфта намешавад. Вай рӯзи 16 июн дар кӯча ба сӯи Ҷо Кокс оташ кушода, баъди ба замин афтиданаш ӯро чанд корд низ задааст.

Дэвид Кэмерон, сарвазири Бритониё ин ҳодисаро фоҷеа номида, сафараш ба Гибралтар, ки қарор буд, дар онҷо ба ҷонибдорӣ аз узвияти Бритониёи Кабир дар Иттиҳоди Аврупо баромад кунад, лағв кардааст.

XS
SM
MD
LG