Ссылки доступа

Ёрии молии ИМА ба ислоҳоти иқтисодии Украина


Кохи сафед мегӯяд, то поёни имсол ба Украина 220 миллион доллар медиҳад, то аз талошҳои Киев дар ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва энергетикӣ пуштибонӣ кунад.

Дар бораи маҷмуаи нави ёриҳо баъд аз гуфтугӯи телефонии ноиб-президенти ИМА Ҷо Байден ва сарвазири Украина Владимир Гройсман хабар дода шуд. Кохи сафед мегӯяд, ин кумаки пулӣ ба Украина "барои таҳкими ниҳодҳои демократӣ ва вололияти қонун, густариши заминаҳои рушди пойдори иқтисодӣ" ва ҳамчунин "вокуниш ба ниёзҳои башарӣ" муҳим хоҳад буд.

Вашингтон дар барномаи васеи ислоҳотхоҳии Гройсман навсозии тарзи кори гумрук, идомаи мубориза бо коррупсия ба воситаи ислоҳи низоми адлия ва ҳамчунин татбиқи тағйиру ислоҳи Конститутсия барои афзоиши ёрӣ ба расонаҳои мустақили ахбори ом ва ҷомеаи шаҳрвандиро, ки 2 июн дар порлумон пазируфта шудаанд муҳим донист. Он ҳамчунин аз идомаи кори ҳукумат барои ғайримарказонидани қудрат ва ширкати бештари шаҳрвандон дар тасмимгириҳои давлатӣ ҳимоят кард.

Гройсман дар навбати худ ба қатъияти ҳукумат дар гузаронидани ислоҳоти соҳаи энергетика, аз ҷумла созмон додани бозорҳои борақобати газ ва берқ тибқи меъёрҳои Иттиҳоди Аврупо ба воситаи рангорангии воридкунандагони захираҳои энергетикӣ ва хусусигардонии корхонаҳои ин соҳа таъкид кард.

XS
SM
MD
LG