Ссылки доступа

Қазоқистон аз варзишгарони бадномшудааш дифоъ мекунад


Бино бар феҳристи нашркардани Федератсияи байнулмилалии навъҳои сангини варзиш (IWF) барандагони медалҳои тилои Олимпиадаи Лондоне аз Қазоқистон Иля Илин, Светлана Подобедова, Зулфия Чиншанло ва Майя Манеза аз доруҳои мамнӯъи нерӯфизо истифода кардаанд.

Бино бар қоидаҳои IWF, то поёни тафтиш и варзишгарон аз ширкат дар мусобиқаҳои расмӣ маҳрум карда шудаанд. Федератсияи варзиши вазнини Қазоқистон мегӯяд, ба наздикӣ ҷаласаи комиссияи интизомии Кумитаи байнулмилалии олимпӣ сарнавишти чаҳор варзишгари Қазоқистонро рӯшан хоҳад кард. Масъала на танҳо ба ширкати онҳо дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро, балки ҳамчунин ба маҳрум кардани онҳо аз медалҳои тилои бозиҳои олимпии Лондон дахл хоҳад дошт.

Дар изҳороти расмии Федератсияи варзиши Қазоқистон гуфта мешавад, ки он ва вазорати фарҳанг ва спорти кишвар барои дифоъ аз ҳуқуқи варзишгарони худ тамоми талошҳоро хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG