Ссылки доступа

Путин интихоботи Думаи давлатиро ба 18 сентябр гузошт


Президенти Русия Владимир Путин фармон дод, ки интихоботи вакилони Думаи давлатии ин кишвар рӯзи 18 сентябри соли 2016 баргузор шавад. Дар ин бора имрӯз хадамоти матбуотии Кремл хабар дод.

Дар ҳуҷҷат зикр шудааст, ки ин фармон сар аз рӯзи нашраш эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва бояд дар ҷараёни панҷ рӯз баъд аз имзо шуданаш ба нашр расад. Аз лаҳзаи нашри расмии он дар Русия корзори саросарии интихоботӣ оғоз меёбад.

Раъйдиҳӣ дар интихоботи Думаи давлатии даъвати ҳафтум як рӯзи ягонаро дар бар хоҳад гирифт. Низоми интихоботӣ омехта хоҳад буд: 225 вакил тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ, 225 вакили дигар дар ҳавзаҳои якмандата баргузида мешаванд. Ба ғайр аз ин ҳизбҳое вориди порлумон мешаванд, ки аз монеаи панҷдарсадӣ гузаранд. Қаблан барои ин ба онҳо зарур буд, зиёда аз 7 дарсад раъй гиранд.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, ба "Интерфакс" гуфтааст, 22 июн Владимир Путин дар робита ба қатъи фаъолияти Думаи феълӣ аз он дидан хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG