Ссылки доступа

Даъвои ҳомиёни ҳуқуқ зидди президенти Қирғизистон рад шуд


Даъвои ҳомиёни ҳуқуқ Азиза Абдурасулова ва Толиқон Исмоилов зидди Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон рад шуд. Он аз сӯи додгоҳи ноҳияи Первомай дирӯз, 16 июн баррасӣ шуда, намояндаҳои президенти Қирғизистон дар мурофиа гуфтанд, ҳомиёни ҳуқуқ суханони Отамбоевро нодуруст шарҳ додаанд.

Азиза Абдурасулова, раиси маркази ҳуқуқи инсон мегӯяд, баъди суханронии 14 майи президенти Қирғизистон ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқ дар ин кишвар афзоиш ёфтаааст. "Дирӯз вақте ронандаи таксӣ маро шинохт, аз мошин фуровард", - афзуд вай.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ҳарфҳои Отамбоев дар назди модарон ба саломатии даъвогарон таъсири манфӣ расонидааст. Дар ҷаласаи 15 июн фишори хуни Толиқон Исмоилов якбора баланд гардида, маҷбур шудаанд, ёрии таъҷилиро даъват кунанд.

Тинчтикбек Асанов, равоншинос, ки даъвогаронро муойина кардааст, мегӯяд, Азиза Абдурасулова аз нигоҳи равонӣ сахт озор дидааст.

Моҳи майи соли равон Азиза Абдурасулова ва Толиқон Исмоилова дар ҷаласаи созмони иҷтимоии "Порлумони мардумӣ", ки раҳбаронаш бо айби омодагӣ ба ғасби ҳукумат боздошт шуданд, иштирок карданд.

Дар пайи ин президенти Қирғизистон 14 май дар чорабинии бахшида ба Рӯзи модар гуфт, аъзои "Порлумони мардумӣ" мехоҳанд, бо ҳар қимате кишварро ноором кунанд ва ҳомиёни ҳуқуқро "ҳалолхӯрони грантҳои хориҷӣ" номид.

Баъди ин ҳомиёни ҳуқуқ аз ин суханони президент ба додгоҳ шикоят бурда, ҳар кадоме 10 миллион сомӣ зарари маънавӣ талаб карданд.

Дастгоҳи иҷроияи Отамбоев то ҳол қарори додгоҳро расман шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG