Ссылки доступа

Қодиров барои "сарфа" порлумонашро пароканда кард


Порлумони Чеченистон пароканда эълон шуд. Дар ин бора Рамзан Қодиров, президенти Чеченистон дар саҳифаи инстаграмаш хабар додааст.

"Интихоботи навбатии порлумонӣ дар Чеченистон бояд моҳи сентябри соли 2018 баргузор мешуд. Аммо вакилон барои сарфаҷӯии пули буҷа тасмим гирифтанд, интихоботи навбатии порлумонию президентии кишвар моҳи сентябри соли равон якҷоя баргузор шавад", - навиштааст Қодиров.

Порлумони амалкунандаи Чеченистон моҳи сентябри соли 2013 барои панҷ соли оянда интихоб шуда буд.

Ин бори дувум аст, ки порлумони ин кишвар пеш аз вақт пароканда мешавад. Бори аввал соли 2008 ин заруратро ба Конститутсияи нави ин кишвар рабт доданд, ки як сол пеш аз он қабул шуда буд.

Моҳи июли соли 2015 Магамед Доудов баъди марги Дукувахӣ Абдураҳмонов раиси нави порлумони Чеченистон интихоб шуд.

XS
SM
MD
LG