Ссылки доступа

Марде барои пешгирӣ аз бозгашти занаш фурудгоҳро "бомбгузорӣ" кард


Додгоҳи шаҳри Тула рӯзи 15 июн зодаи Ӯзбекистон, шаҳрванди Русия Қувончбек Абдуназарови 32-соларо барои хабари дурӯғи ҳамлаи террористӣ ба 300 соати кори маҷбурӣ маҳкум кард. Дар ин бора хадамоти матбуотии додситонии вилояти Тулаи Русия хабар додааст.

Додгоҳ ошкор кард, ки 21 марти соли 2016 Абдуназаров дар сари мастӣ, барои пешгирии сафари ҳамсараш, ки мебоист аз Ӯзбекистон ба Русия меомад, аз телефони дастии худ ба хадамоти 112 занг зада, гуфт, ки террористон бо бомба вориди фурудгоҳи «Шереметьево» шудаанд ва ба хонуми ӯ таҳдид мекунанд.

Дар вокуниш ба ин занги телефонӣ кормандони умури дохилӣ ва мутахассисони фурудгоҳ як силсила чораҳои пешгирӣ аз ҳамлаи террористииро роҳандозӣ карданд ва фурудгоҳ бо истифода аз сагҳои бӯйгир ковтукоб шуд. Аммо дар натиҷаи ин талошҳо ягон дастгоҳи инфиҷор ё модаҳои тарканда дар фурудгоҳ кашф нагашт.

Додгоҳ бо назардошти он ки Абдуназаров хӯронандаи як кӯдаки хурдсол буда, доғи судӣ надорад ва дар қаламрави Русия қонунан зиндагӣ мекунад, барояш ҷазои сабуктар -- 300 соат кори маҷбуриро ҷоиз донист.

XS
SM
MD
LG