Ссылки доступа

Ашёи шахсии Гилтер ба музояда гузошта шуд


Дар Мюнхени Олмон рӯзи шанбе музоядаи ғайриоддие баргузор гардид: дар ин музояда ашёи шахсӣ ва дигар маводи вобаста ба роҳбари миллатгароҳои Олмон ба фурӯш гузошта шуд.

Тавре расонаҳои Олмон хабар медиҳанд, дар музоядаи Hermann Historica, қисме аз коллексияи табиби амрикоӣ ва ҷамъоварандаи молҳои таърихӣ Ҷон К. Латтимерро ба фурӯш мегузоранд. Миёни ин ашёҳо чанд шими Адолф Гитлер, аксҳои рентгении пешвои миллатгароён, ки баъди сӯқасди 20 июли соли 1944 бардошта шудаанд, чанд ашёи марбут ба маъшуқаи вай - Ева Браун, капсулаи оҳание, ки Герман Геринг дар он заҳр нигоҳ медошт ва чизҳои дигар мавҷуданд.

Натиҷаи музояда ҳанӯз эълон нашудааст, аммо хабар мерасад, ки ташкилкунандагони он ният доранд то 170 ҳазор евро даромад бинанд. Арзиши ибтидоии капсулаи оҳанини Геринг, барои мисол, 25 ҳазор евро аст. Расонаҳои олмонӣ қабл аз баргузории музояда ин мавзуъро баррасӣ карданд, ки фурӯши ашёи пешвои миллатгароён то чӣ ҳад аз рӯи ахлоқ аст.

Ҷон Латтимер табиби амрикоӣ буд. Қаҳрамони Ҷанги ҷаҳонӣ ба ҳайси табиби низомӣ, Латтимер аз шумори онҳое буд, ки судяҳо, ҳуқуқшиносон ва муттаҳамони муҳокимаи Нюрнбергро табобат карда буд. Дар Нюрнберг низомиёни миллатгарои Олмон муҳокима шуда буданд.

Ҷамъоварии ашёи марбут ба шахсиятҳои таърихӣ яке аз амалҳои писандидаи ин табиб буд. Ба ҷуз ин Латтимер аслиҳаҳои қарнҳо гуногунро гирд оварда аст.

XS
SM
MD
LG