Ссылки доступа

Шеваи нави фирори ҷавонони Лахш аз хизмат дар артиш


Ҷавонони ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) дар 284-километрии ҷануби Душанбе барои саркашӣ аз хизмат дар артиши Тоҷикистон, шаҳрвандии Қирғизистонро мегиранд.

Ба иттилои масъулони комиссарияти ҳарбии ноҳияи Лахш, ҳудуди 80 дарсади ҷавонписароне, ки ба синни даъват расидаанд, шаҳрвандии Қирғизистонро гирифтаанд. Шаъбон Шарифов, комиссари ҳарбии ноҳияи Лахш мегӯяд, наздик ба 1200 ҷавони ин ноҳия шаҳрванди Қиргизистон шудаанд. Ин омор ба гуфтаи ӯ, дар пайи ирсоли даъватнома ба хонаҳои ҷавонони зери синни даъват муайян шудааст. Ҷаноби Шарифов ҳамчунин мегӯяд, ҳанӯз на барои ҳама даъватнома фиристода шудааст, вагарна эҳтимолан теъдоди онҳо ба беш аз 2000 нафар бирасад. Вай мегӯяд, ин масъала бисёр ҷиддӣ аст ва мақомоти ин ноҳияро нигарон кардааст.

"Вақте хонаашон меравему даъватнома мебарем, зуд паспорти қирғизиро мебароранд ва мегӯянд, шаҳрванди Қирғизистон ҳастем. Ҷамоати Қашшот аҳолияш ҳамааш қирғизнишин аст ва 2800 нафар аҳолӣ дорад. Мо аз миёни ин ҳама фақат як оиларо пайдо кардем, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст ва панҷ писар дораду чор нафарашон дар артиш хизмат кардаанд. Ҷамоатҳое, ки аҳолии қирғизнишин доранд, қариб ҳамаашон шаҳрвандии Қирғизистонро доранд. Бо микроскоп мекобӣ шаҳрванди Тоҷикистонро”, - мегӯяд Шарифов.

Ҷаноби Шарифов ҳамчунин мегӯяд, ҷавонони ба синни даъват расида вақте, ки шаҳрвандии Қирғизистонро мегиранд, бояд ҳуҷҷатҳои худро аз Тоҷикистон бигиранду ба ҷониби Қиргизистон таслим бикунанд. Аммо ба қавли ӯ, азбаски онҳо ин корро накардаанд ва дар қайди ҷамоатҳо ҳастанд, аз ин хотир масъулони комиссарияти ҳарбӣ ба онҳо даъватнома ирсол мекунанд.

“Ҳатто мавриде шуд, ки ҷониби Қиргизистон шикоят кард, ки чаро шаҳрвандони моро ғам медиҳед. Мушкил бисёр ҷиддӣ аст. Роҳбарони баъзе ташкилотҳое ҳастанд, ки чандин фарзанд доранд ва худашон шаҳрвандии Точикистонро доранду, фарзандони худро шаҳрванди Қирғизистон кардаанд”.

Ба бовари сокинони Лахш, байни онхое, ки шаҳрвандии Қирғизистонро мегиранд, на танҳо қирғизхо, балки тоҷикон ҳам ҳастанд. Яке аз сокинини ин ноҳия, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт “як аҷобати кор дар ин аст, ки асосан ҷавонони синну соли хизмати ҳарбӣ шаҳрвандии Қирғизистонро мегиранду мераванд, вале зану фарзандони онҳо шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мемонанд ва ин сардаргумиро ба миён овардааст”.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, гирифтани шаҳрвандии Қирғизистон аз сӯи сокинони Лахш анъанаест, ки пас аз истиқлоли Тоҷикистон пайдо шуд. Шаҳрвандони Тоҷикистон ба далоили мухталиф, аз ҷумла ҳалли мушкилоти иқтисодии худ шурӯъ ба гирифтани шаҳрвандии Қирғизистон карданд. Бар асоси оморҳои ғайрирасмӣ, ҳудуди 20 ҳазор сокини Лахш шаҳрвандии Қирғизистонро ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG