Ссылки доступа

Пулиси Истамбул марши ҳамҷинсгароёнро пароканда кард


Раҳпаймоии садҳо нафарро ба ҷонибдорӣ аз ҳуқуқи ҳамҷинсгароён пулиси Истамбул бо гази ашковар тирҳои резинӣ пароканда кард.

Тавре рӯзномаи The Hurriyet Daily News хабар медиҳад, пулис чанд нафар аз ҷонибдорони арзишҳои суннатии оиларо ҳам боздошт кардааст.

Бино бар иттилои Euronews, шаҳрдории Истамбул ба баргузории ин марш бо "сабабҳои амниятӣ" иҷоза надодаанд.

Роҳпаймоии ҳамҷинсгароён дар Истамбул аз соли 2003 ба ин сӯ баргузор мешавад. Соли 2015 ҳам пулис барои пароканда кардани чунин маърака аз гази ашковар истифода карда буд. Он замон мақомот онро ба хотири рост омаданаш бо моҳи мубораки Рамазон манъ карда буданд.

Ба фарқ аз кишварҳои дигари мусулмоннишин ҳамҷинсгароӣ дар Туркия ҷиноят дониста нашудааст, аммо рӯҳияи зидди он шадид боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG