Ссылки доступа

13 ширкати ҳавопаймоии Қирғизистон дар "рӯйхати сиёҳ"-и Аврупо


Комиссияи Иттиҳоди Аврупо рӯйхати нави ширкатҳоеро, ки ҳавопаймоҳояшон аз ҳаққи парвоз ба кишварҳои узви иттиҳод маҳруманд, нашр кардааст.

Бино бар ин рӯйхат, беш аз 200 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла 13 ширкати Қирғизистон ҳаққи анҷоми парвоз ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро надоранд.

Ширкатҳои мазкур барои риоя накардани талаботи бехатарии авиатсионии Аврупо ва набудани назорати дуруст аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ ба "рӯйхати сиёҳ" шомил шудаанд.

Ширкатҳои ҳавопаймоии Қирғизистон аз соли 2006 ба ин сӯ дар "рӯйхати сиёҳ"-и Иттиҳоди Аврупо қарор доранд. Мақомоти Қирғизистон борҳо ба зарурати берун кардани номи ширкатҳояшон аз "рӯйхати сиёҳ" таъкид кардаанд. Аммо то ҳол чорае андешида нашудааст.

XS
SM
MD
LG