Ссылки доступа

Охирин фирории зиндони Хуҷанд кушта шуд


Бино бар иттилои расмӣ, Рамзуллохон Додохонов, маҳбуси фирорӣ 19 июн дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд кушта шудааст.

Дар иттилоияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта мешавад, "19 июн соати 11.30 дақиқа дар натиҷаи амалиёти муштараки ВКД, КДАМ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи кишвар дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд маҳбуси фирорӣ Додохонов Рамзуллохон Ҷӯрабоевич ҳангоми муқовимати мусаллаҳона аз ҷониби кормандони ниҳодҳои мазкур безарар гардонида шуд".

Генерал Шариф Назарзода, сардори РКД Суғд мегӯяд, Рамзуллохон Додохонов дар ҷамоати Ёва пинҳон шуда буд.

"Вай баъди ошкор шудани ҷойи будубошаш таслим нашуда, ба сӯи кормандони мақомоти қудратӣ оташ кушодааст. Дар натиҷаи тирпаронии ҷавобӣ кушта шуд", - афзудааст генерал Назарзода.

Маҳбусон Рамзуллохон Додохонов, Ҳабибҷон Юсуфов ва Мирзозариф Қаюмов шоми 17 июн, тақрибан соати 20-45 аз зиндони рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд фирор кунад. Онҳо Ёрмамад Алимамадов, сардори бахши назорат ва тарбияти маҳбасро бо корд захмӣ кардаанд, ки дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.

Дар натиҷаи задухӯрд бо зиндонбонҳо Мирзозариф Қаюмов кушта ва Ҳабибҷон Юсуфов захмӣ шудааст. Аммо Рамзуллохон Дадохонов бо вуҷуди захм бардоштанаш тавонистааст, фирор кунад.

Рамзуллохон Додохонов, сокини 28-солаи Исфара бо айби терроризм ба 20 соли зиндон, Ҳабибҷон Юсуфови 36-сола аз шаҳри Хуҷанд бо ҷурми роҳзанӣ ба 20 соли зиндон ва Мирзозариф Қаюмов аз шаҳри Хуҷанд барои ҷиноятҳои характери экстремистидошта ба 14 соли зиндон маҳкум шуда буданд.

Барои дастгир кардани ин маҳбус дар ҳудуди вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва ҳатто дар вилояти Хатлон аз сӯи мақомоти қудратии кишвар тадбирҳои шадиди амниятӣ андешида шуд.

Дар вилояти Бодканди Қирғизистон, ҳаммарз бо вилояти Суғд ҳам амалиёти вижа ба роҳ монда шудааст. Зеро ба гуфтаи мақомот, эҳтимол дошт, Додохонов ба Қирғизистон ё Афғонистон фирор кунад.

Шаш соли пеш ҳам аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 25 маҳбус бо куштани 5 нигаҳбон фирор карда буданд. Дар давоми чанд моҳ бархеи онҳо боздошт ва бархеи дигар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG