Ссылки доступа

Москва ба мотами кӯдакони ғарқшуда нишастааст


Дар кӯли Сямозерои кишвари Карелияи Русия ҳангоми тӯфон 15 кӯдак ғарқ шуд. Дар ин бора ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки Русия Павел Астахов хабар медиҳад.

Қаиқе, ки кӯдакон савори он буданд, чаппа шуда ва ғарқ гардидааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия хабар медиҳад, ки ин фоҷиа дар ноҳияи Пряжинск рух додааст. Владимир Маркин, намояндаи Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, миёни кушташудагон афроди калонсол нест.

Дар ин кӯл як гуруҳи иборат аз 49 нафар ҳузур дошанд, ки миёни онҳо кӯдакони аз 12 то 15 сола низ буданд. Онҳо дар ду киштӣ ва як қаиқ савор буданд.

Шаҳрдори Москва Сергей Собянин дар Твиттер навишт, ки дар кӯли Сямозеро эҳтимолан кӯдакони Москва ғарқ шудаанд.

Мақомоти тафтишотӣ чаҳор гумонбарро боздошт кардаанд. Миёни онҳо ду роҳбалад ё инструктор низ ҳастанд, ки кӯдаконро дар ин сафар роҳбаладӣ мекарданд.

XS
SM
MD
LG