Ссылки доступа

Ҷазои харидани раъй дар Қирғизистон сахттар мешавад


Дар Қирғизистон то охири имсол лоиҳаи қонуне омода хоҳад шуд, ки ҷазо барои харидани раъйи мардумро сангинтар хоҳад кард. Раиси Комиссияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Қирғизистон Туйгунаалӣ Абдраимов мегӯяд, онҳо муваффақт шудаанд, ки аз поймолшавии қонун дар қитъаҳои раъйдиҳӣ пешгирӣ кунанд.

“Танҳо қонунвайронкунии берун аз қитъаҳои раъйдиҳӣ боқӣ мондааст. То зимистон мо ба порлумон лоиҳаи қонунро пешниҳод мекунем. Дар сурати исбот шудани харидани раъйи интихобкунандагон худи вакил ё ҳизбаш аз идомаи ширкат дар интихобот маҳрум мешаванд. Тибқи қонунгузории амалкунанда, ҷазо додани раъйхарӣ душвор аст”, - мегӯяд Абдраимов.

Ба андешаи роҳбари эътилофи “Таза шайлоо” Айнура Усупбоева, ҳизбҳое, ки дар интихоботҳо ширкат мекунанд, роҳҳои осонро меҷӯянд. Аз ин хотир талошҳое, ки барои баргузории интихоботҳои шаффоф равона шудаанд, дар худи порлумон пуштибонӣ намебинанд.

- Агар ҳизбҳо бо интихобкунандагон на танҳо ҳангоми интихобҳо, балки ҳадди ақал 2-3 сол қабл аз интихобот кор кунанд ва фаъолияти хуб нишон диҳанд, дар ин сурат раъйдиҳандагон бидуни хариду фурӯш онҳоро интихоб хоҳанд кард. Вале ин раванд тӯлонӣ, душвор аст ва на ҳамеша самарабахш аст. Аз ин рӯ, ҳизбҳо роҳи кутоҳтарин, таҷрибашуда ва осонро интихоб мекунанд. Ин нодуруст аст. Ҳизбҳо рушд намекунанд, - мегӯяд Усупбоева.

XS
SM
MD
LG