Ссылки доступа

Ҳалокати фармондеҳи баландпояи Толибон дар марзи Тоҷикистон


Қорӣ Алӣ, як фармондеҳи баландпояи Толибон дар ноҳияи Дашти Арчии вилояти Кундузи Афғонистон кушта шудааст. ВКД Афғонистон хабар додааст, ки шоми шанбе дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ дар деҳаи Таракӣ ҳафт ҷангии дигари ин гуруҳ ҳам ба қатл расиданд.

Мақомоти Афғонистон гурӯҳи Қорӣ Алиро масъули як қатор ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави вилояти Кундуз медонанд.

Охирҳои моҳи май дар амалиёти нерӯҳои давлати Афғонистон дар Дашти Арчӣ яке аз фармондеҳони дигари баландпояи Толибон бо номи Қорӣ Меъроҷиддин боздошт шуда буд. Гурӯҳи Меъроҷиддин 299 метр нақб кофта, ба посгоҳи нерӯҳои ҳукуматӣ наздик гашт ва сарбозонро тирборон кард. Дар ин ҳамла ӯ шахсан ширкат доштааст.

Моҳҳои ахир дар вилояти Кундуз амалиёти васеъ зидди ҷангиёни Толибон идома дорад. Моҳи апрел мақомоти амниятии Афғонистон хабар доданд, ки вулусволии Чаҳордара, ҳаммарз бо Тоҷикистонро аз дасти Толибон озод кардаанд.

Ҷангиёни Толибон тирамоҳи соли гузашта барои чанд рӯз маркази вилояти Кундузро ишғол намуда буданд. Нирӯҳои давлат танҳо бо кӯмаки ҳавопаймоҳои Амрико тавонистанд, шаҳрро дубора ба даст оранд. Вале пайравони Толибон то ҳол, ба камияш дар 4 ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистони ин вилоят, аз ҷумла Чордара, Имом Соҳиб, Дашти Арчӣ, Қалъаи Зол ҳузур доранд.

XS
SM
MD
LG