Ссылки доступа

Дар Уралск занеро барои овозаи терроризм зиндонӣ карданд


Додгоҳе дар Уралски Русия модари ду кӯдакро бо айбномаи "нашри огоҳонаи маълумоти дурӯғ дар бораи амали террористӣ" ду сол зиндонӣ кард.

Алфия Ҳусайноваи 31-сола 29 апрел ба пулис занг зада, гуфтааст, дар бинои Шуъбаи корҳои дохилии Уралск маводи тарканда гузошта шудааст. Муфаттишон мегӯянд, ин зан дар ҳолати мастӣ аз манзили худ занг задааст. Худи айбдоршаванда асли қазияро дар суҳбат бо рӯзноманигорон шарҳ надодааст.

Додраси парванда Равшан Исмоилов инчунин Ҳусайноваро ба табобати ҳатмии тиббӣ барои майзадагӣ муваззаф кардааст.

XS
SM
MD
LG